Зулол чист?

Зулол чист?

Абулфазли Додо: «Ман шоири шеърҳои зулолам, газалҳоямро дар талотуми амвоҷам бинушeд ва шеърҳои зулоламро бо чашми баста бихонед»

Чанде қабл дар Ирон шакл ё сохти ҷадиди шеър бо номи Шеъри Зулол бо ибтикори шоири хушзавқи ирони Абулфазли Додо арзи ҳасти кард. Ин навъи шеър дар рузи 2 баҳманмоҳи соли 1388 мутобиқ бо 22 январи соли 2010 мутаваллид шуд.Ин шеър дар баробари сохторҳои классикии шеър ва шеъри сафед ё озод вориди адабиёти форси шуд.
Таърифи куллии «Зулол»

Шеърест, ки бо тули вазни зина ба зина, ки ба таври мусови аз кам шуруъ шуда ва дар кам низ ба итмом мерасад. Ин навъи шеър дорои 5 ило 11 сатр мебошад. Аз лиҳози вазн ба тулонитарин сатр, ки сатри миёна ё қалби шеър мебошад, «сатри модар» ва сатрҳои атрофи онро «сатрҳои қарина» мегуянд. Зулол дорои ду навъ (аруз ва озод) мебошад, ки ҳар кадом барои худ усул ва таърифҳои хоссае доранд.

Тавзеҳи комил

Дар шеъри «Зулол» наҳваи ҳаракати вазнҳо бо суъуд ва нузулашон, тасвири фатҳи қуллаеро дар вазни мусаввири мусаллас ба тачассуми зеҳнй расонда ва фазои ҳандасии(геометрии)ҷолиберо дар олами хаёл ва маъно намоён месозад.

Вазнҳои арузи дар ин навъи шеър бештар руи оҳанги беруни ё руи навъе ҳолати ритмй ва мелодии мусиқиёи савор аст ва ба сурати амвоҷ боло ва поёни шакли зинайии муназзам дорад.

Вазни мусиқиёии зулол бо маълум шудани теъдоди зарб-оҳанги сатри аввал ва ё кашфи ритми сатри модар ба даст меояд.

Ин навъ шеър яъне зулол забони хоси худашро дорад ва бо ритми хоси мусиқиёи бар тибқи салиқа ва завқи шоир сохта мешавад .Бояд зикр намуд,ки на ҳама кас қодир ба иҷод кардани зулолро доранд.Зулол таҳаррук мехоҳад, чунон чи аз тарҳаш пайдост , андоза мехоҳад, назм мехоҳад, гуша мехоҳад. Зулол диққату зарофат ва маҳорат мехоҳад то дар камтарин ҳаҷм, маҳкамтарин ё ширинтарин суханро дар қолабе муназзам ва бо усули пешрафтатар ба арсаи зуҳур бирасонад. Абулфазли Додо роҷеъ ба ин навъ шеъри эҷод намудаи хеш чунин мегуяд:

«Ман шоири шеърҳои зулолам, газалҳоямро дар талотуми амвоҷам бинушeд ва шеърҳои зулоламро бо чашми баста бихонед»

Конуни куллии «Зулол»

1) Сатри аввал ва охир дорои ҳадиаксар панҷ зарбоҳанг дар вазни мусалласи арузи ва ё ҳаддиаксар шаш адади ҳиҷо дар вазни мусалласи озод бошад.

2)Теъдоди зарбоҳанг байни ду сатр (тафовути змнайи байни ду сатри ҳамҷавор бо ҳам) дар вазни мусалласи аруз, факат ду адад.

Ва теъдоди ҳиҷо дар вазни мусалласи озод ҳадиаксар то шаш адад,ки бо як фосилаи мусови ба таври зинагй нузул ва суъуд дошта бошад. (Мисол: яъне агар теъдоди зарбоҳанги сатри савум ҳама з сатру дувум ду то бештар бошад,ба ҳамин тартиб ду ба ду ва зинагй суъуд мекунад то сатри модар баъд ба ҳамон андоза ба таври мутакорин ва бо фосилаи яксон коҳиш меёбад).

3) Ритми мусикиёи аз ибтидо то охир ба таври равон ҳифз гардад.

4)Теъдоди сатрҳои ҳар зулол аз 5 камтар ва аз 11 бештар набошад.

5)Сатрҳо зери ҳам навишта шаванд.

6)Сатрҳои мутакорин аз лиҳози тулу вазни аруз ё теъдоди ҳиҷо ва теъдоди зарбоҳанг бо ҳам мусови бошанд.

(Таваҷҷуҳ: теъдоди зарбоҳанг байни сатрҳо дар ҳамаи зулолҳои арузи факат 2 аст.)

Анвоъи зулол

Ба таври кулли «Зулол» ба чаҳор навъ тақсим шудааст ки иборатанд аз:

а) Зулоли арузи қофиядор

б) Зулоли арузи бидуни қофия

в) Зулоли озод

г) Зулоли пайваста

Дар ҳар чаҳор навъи фавқ қонуни куллии Зулол муроот мешавад, лекин бо ин тафовут,ки

-дар зулоли арузи қофиядор вазн бо оҳанги мусиқиёии равони арузй пеш меравад ва аз қофия ба тавре ҳисоб шуда истифода мешавад. Бадин тартиб, ки ду сатри аввал ва ду сатри охир дорои қофия ва бақияи сатрҳо як дар миён дорои қофия мебошанд.

-дар зулоли арузи бидуни қофия вазн бо оҳанги мусиқиёии равони арузи пеш меравад,аммо шоир муқайад ба кофия нест, метавонад аслан истифода накунад ва ё дар ду се сатр ба унвони орояи адабй ҷиҳати зебои ба кор бубарад.

-дар зулоли озод аз оҳанги равони арузи барои сатрҳо истифода намешавад ва мусалламан радиф ва қофияе ҳам дар кор нест.

-дар зулоли пайваста ду ё чанд зулол пушти сари ҳам дар як мазмун навишта мешаванд.Ба иборате, агар дар як мавзуе ду ё чанд зулол дар як навъ таърифшударо зери ҳам карор диҳем, ба он зулоли пайваста мегуянд. Дар ин ҳам тамоми сатрҳои қарина ва сатрҳои модар бо чуфтҳои ҳамтирозашон дар як вазн ва оҳанг ва ё дар як андозаи ҳиҷои мебошанд ва ин худ се навъ мебошад:

а) зулоли пайвастаи арузи қофиядор

б)зулоли пайвастаи арузи бидуни қофия

в) зулоли пайвастаи озод

Таваҷҷуҳ: Ҳар гоҳ хостед бидонед, ки шеъри зулол аст ё на, ибтидо ба бандҳои шашгонаи қонуни куллии зулол муроҷиа фармоед.

Дар зимн, яксон будани вазни сатрҳои модар дар зулоли пайваста муҳим ва зарури мебошад. Қобили таваҷҷуҳ аст, ки сатрҳои мутақорин бояд оҳангу мусиқиёии ин вазнро ба ҳам наздик намоянд ва бо сатри модар ҳамроҳи дар ритм дошта бошанд.

Дар мавриди корбурди шеъри зулол барои аввалин бор аз шуарои Тоҷикистон Аъзам Хуҷаста муваффақ ба эҷоди ин навъи шеър шудааст.Тавре муаллифи ин шакли шеър Абулфазли Додо мегуяд -« Зулол барои аввалин бор ба дастони гарми огои Аъзами Хуҷаста рузноманигор ва шоири тавонои тоҷик мавриди интишор қарор гирифтааст.» Зулоли зер намунае аз зулолҳои ишон аст, ки онро каме бараси мекунем.

Дар сарам андешаҳо
Ҳамнавои бо хати ҳампешаҳо
Маслаки моро зи мо дуздида он бемаслакон
Оташе андохта дар бешаҳо
Ман ба фикри решаҳо

Баррасии сохтори қолаби шеъри фавқ:

Навъи сохтори назми шеър: арузи

Форми зарбоҳанг:4-6-8-6-4

Теъдоди зарбоҳанг байни ду сатр:=2

Теъдоди кулли сутур:=5

Сатри модар:

Маслаки моро зи мо дуздида он бемаслакон (8 зарб)

Дорои 8 зарбоҳанг ва ҳам ово бо оҳанги мусиқиёии сутури қарина.

Сатрҳои қарина (1)

Ҳамнавои бо хати ҳампешаҳо (6 зарб)

Оташе андохта дар бешаҳо (6 зарб)

Ҳар ду дорои 6 зарбоҳанг бо тулу вазну оҳанги мусиқиёии баробар.

Сатрҳои қарина (2)

Дар сарам андешаҳо (4 зарб)

Ман ба фикри решаҳо (4 зарб)

Ҳар ду дорои 4 зарбоҳанг бо тули вазну оҳанги мусиқиёии баробар.

Натиҷа: Шеъри фавқ бо таваҷҷуҳ ба (қонуни кулии шеъри зулол) аз навъи арузи қофиядор мебошад.
Дар зер намунаҳо аз зулолҳои Абулфазли Додоро пешкаши ҳаводорони шеъри ноб мегардонем бо ин умед ки ин навъи шеъри зулоли навзод дар фазои кишвари Тоҷикситон ва муҳити адабу шеъри тоҷик миёни шуарои муосири мо мавриди навозиш қарор бигирад.

Ба номи худо
Худованди шоҳу гадо
Азизе,ки ҷони маро халқ кард
Таваккал дар ин ибтидо
Бад-он муқтадо
<><><><><><><
Моҳ моҳи шур буд
Оре ин Баҳман,ки дар манзур буд
Инқилоби мо ба қавли роҳбари олимаром
Ҳосиле аз қудрати ҷумҳур буд
Инфиҷори нур буд

<><><><><
Дустон шоди кунед
Соате сармаст фарёде кунед
Нуш бод он рузгорони хуҷаста нуш бод
Боре аз ҳамбастаги ёде кунед
Бар ҳақ имдоде кунед
<><><><><><
Эй ашк амонам деҳ
Фурсат ба фаросуи замонам деҳ!
Хомуш накун шуълаи пинҳони маро боз
Кам ой вале догтар аз оташу бас дог ба ҷонам деҳ
Дар хирмани захмам ҳама аз радди ту бинам,
Пас қудрати сузанда нишонам деҳ!
Гусле ба равонам деҳ!