Зулолхои Фирдавс

Чаро гурур мекуни

Чаро гурур мекуни
Чу аз канори ман убур мекуни
Биёву доги кинаро зи синахо рахо кунем
Ту хар замон чаро фучур мекуни
Ва худ ба гур мекуни

Бубин чи дилшикастаи!
Зи гиру дори зиндагони хастаи
Кунун зи шохахои дил парида мурги эьтимод
Ва худ дари умедро бубастаи
Чудо зи хам нишастаи

——————————————————————————————————

Бевафои мекуни

Рафтаам аз ёдхо

Мекунад дар сина дил фарёдхо

Кас намегирад сурогамро дар ин вайронсаро

Меравам пас чониби ин бодхо

Аз паи имдодхо

Охар эй зебонигор

То ба кай ин дидаам дар интизор

Хира мемонад ба рохат, хар замон бо ёди ту

Мешавад дар сина ин дил бекарор

Аз чафои бешумор

Бевафои мекуни

Хар замон беэьтинои мекуни

Хастаам, бишкастаам, манро бимон ай бевафо

Аз чи хар дам худнамои мекуни?

Дилрабои мекуни

——————————————————————————————

Рузи нав бедор шуд

Зулмати шаб махви дасти нор шуд

Олами хобидаро анвори хуршеди чахон

Сила карду рахсипори кор шуд

Толиби он ёр шуд

——————————————————————————————-

Асири дасти шайтони

Шуда матруд аммо худ надони

Бубин гашти чу сардаргум зи руи ин сафохатхо

Кунун дар гушае хайрон бимони

Чи кор кардан намедони

———————————————————————————————

Эй сафаркарда биё

Бо дили шоду ба лаб ханда биё

Рузгорест, ки дил дар талаби омади туст

Болу коло хама тобанда биё

Суи ин банда биё

————————————————————————————————

Эй ки дур аз ватани

Хамчу булбул ту чудо аз чамани

Мебарам даст ба дуо то ки саломат боши

Хар кучо хасти ту дар ёди мани

Ман ту хастам ту мани

————————————————————————————————

Дигар ба хонаам маё

Ту ай ки ишки ман намуди зери по

Кунун рахо намудамат туро зи олами хаёл

Дигар ба лахни чодуят зи нав маро ба суи худ мазан садо

Бирав ки мурги калби ман зи хонаат рамида аст

Ту ай,ки гаштаи зи байни мо чудо

Дигар магу биё биё

—————————————————————————————-

Боз хам ёр расад

Дидаи ташна ба дидор расад

Пушти ин шоми сиях равшании руз бувад

Гули пажмурда ба обшор рассад

Пас ба гулзор расад

——————————————————————————————

Зулоли пайваста

Аз кучо омад чахон?

Аз кучо тавлид шуд ин ахтарон?

Чашму акли одами хар лахза мехохад чавоб

Аз кучову аз чи шуд ин сохтмон?

В-аз кучо ин Кахкашон?

………………………………………….

Тоири андешахо

Мекунад парвоз суи решахо

Дар суроги хонаи хуршед мегардад хаме

Гох худро мезанад бар шишахо

Гох бар хампешахо

……………………………………..

Парда чун шуд барканор

Рози пинхoнгашта гардад ошкор

Рафтахо аз кабрхо дар пайкари бехису чон

Дар шитоб оянду гарданд рахсипор

Чониби Парвардигор

——————————————————————————————

То ба кай мову мани

То ба кай лофу салафхо бизани

Эй ки савдозадаи куи харобот шуди

То ба кай тард аз ин анчумани

Ту магар беватани.

—————————————————————————————

Рамазон омада аст

Файзу эхсон ба чахон омада аст

Боз кун панчараи калби худ ай cолики нур

Накхати рухи равон омада аст

Чони чон омада аст

——————————————————————————————-

Oдат кардаи

Ту киёмат кардаи

Аз барои худ хиёнат кардаи

Хештанро бурдаи то рахгузори анчуман

Бо бадихоят рафокат кардаи

Яьне одат кардаи

———————————————————————————————

Хамроз мехохам

Ман аз ту ноз мехохам

Ва дар дил аз мухаббат боз мехохам

Ба чои об бар рохам марезон хоку хокистар

Ки шури олами парвоз мехохам

Чу ман хамроз мехохам

——————————————————————————————

Дидагирёнам ман

Сахт хайронам ман

Ох аз ин зиндаги нолонам ман

Ё раб ин руз чи рузест, ки бар мо доди

Ту намебини парешонам ман?

Дидагирёнам ман

———————————————————————————————-

Худо

Ба номи ишкофарин

Кирдигори осмонхову замин

Он хуваллоху ахад парвардигори лам ялид

Холики африштаву инсону чин

Молики чархи барин

——————————————————————————————

Самоъ

Пойкуб эй чони чон

Дастафшон меравем бар осмон

Бо садои таблу бо ракси самои суфиён

Зери лаб раб-рабгуён, ёхукунон

Меравем то човидон

——————————————————————————————

Бигзарад

Имруз бигзарад

Гах шоду гах алам, бо суз бигзарад

Бо бешу бо камиву дусад розу хам ниёз

Бо авчу мавчхову суьуду сукути худ чу дируз бигзарад

Хар гул,ки бишкуфад рузе шавад хазон

Ояд бахору лек Навруз бигзарад

Харруз бигзарад

——————————————————————————————

Насли ман

Насли ман, бедор шав

Мастихо як су куну хушёр шав

Солхо дар хоби гафлат зиндаги карди бас аст,

Чашм во кун, сарбадори дар рахи  эхёи нангу ор шав

Дар чахоне, ки башар  хасми башар дар хар кучо

Бо силохи фикри худ дар кор шав

Равзане дар тор шав

——————————————————————————————-

Чавони

Чавони омада

Бахори зиндагони омада

Барои насли ман сахифае дигар-

Замони шодмони омада

Комрони омада

——————————————————————————————-

Мастон , биё

Чонон , биё,

Эй мехрубон, биё

Бар хилвати ин хонаам

Як лахзае ту чу мехмон, биё

Аз чохи бекаси ту рахоям макун

Нуре шаву ба чониби ин хонадон, биё

Марди мусофирам дар шахри ишки ту

Бархезу суи ман давон, биё

Боз о, ки интизорам,

Бар ин остон,биё

Мастон,биё

————————————————————————————————

Занн

Гох боло мерави

Гох бар аъмоки дарё мерави

Гох бар тан мекуни пирохани занну гумон

Гох суи Хак таоло мерави

Гох бечо мерави

——————————————————————————————-

Фарёдрас

Фарёдрас, биё

Бар доди  ман эй додрас, биё

Аз шохахои дил мурги тараб париду рафт

Бар мулки сина чун чарас, биё

Эй хамнафас , биё

———————————————————————————————-

Хохиш

Бехонаам макун

Эй ошно, бегонаам макун

Боби мухаббатат дигар ба  руи ман мабанд

Чун мургаке белонаам макун

Вайронаам макун

———————————————————————————————

Модар

Парешонат набинам,

Зи дасти умр гирёнат набинам.

Туи буду набуди ман ай модар дар ин дунё

Сиришке руи мижгонат набинам

Ба хичронат набинам.

——————————————————————————————-

Дуо

Малико , подшоххо

Дар ин шаб бубахшо нигоххо,

Зи руи ниёз омадам бо ду дасти дуо,

Дари рахмати худ ба руям гушо

Пазиро, Илохо.

———————————————————————————————

Дуруд

Ба номат дуруд

Ба субху ба шому макомат дуруд

Ба ратли гаронат ту моро зи худ дур кун

Ба согар, шаробу ба чoмат дуруд

Каломат дуруд

————————————————————————————————

Даъват

Точикистон

Дудмони  оли Сомон

Гашта з-огушат чудо тифлони ту

Дар гариби бигзарад умри азизи фозилон

Точикистон, модари чон, то ба кай ин ранчу дури,интизори

Вакти он аст бо дилу чон чамь сози ин гарибон

Чумла фарзандони дурафтодаро

Бо мухаббат суи худ хон

Суи худ хон

———————————————————————————————

Бодапараст

Ман бодапарастам

Аз бодаи ишки ёр мастам

То ишк бувад маншаи хам буду набудам

Ман согари дигар бишикастам

Аз ишк шудастам

———————————————————————————————

Бигу

Ман кистам, бигу!

Инсонаму малак? Харчистам , бигу!

Ман омадам, равам боз хам ба суи ту

Хастам агар туи, пас нестам, бигу!

Ё истам,? бигу!

————————————————————————————————

Сайд ва сайёд

Ох эй боди сабо

Ба дигар куй бирав бахри Худо

Буи пирохани ин сайд ба сайёд мабар

Макун уро ту зи хамхона чудо

Дар чахони гузаро..

————————————————————————————————

Шаб

Шаб, шаби махтобӣ  аст

Дидахоро навбати бехобӣ  аст.

Дил ба уммеди висоли субх, имшаб боз хам

Рохӣ  бар манзилгахи мехробӣ  аст,

Шаб, шаби рахёби аст

————————————————————————————————

Биё

Эй чони ман, биё

Эй нур ба шабистони ман,  биё

Байтулхазони калби маро офтоби кун

Бахри дили гамин ту чу дармони ман , биё

То сар занад шукуфаи уммедхои  ман

Эй гул ба гулистони ман, биё

Борони ман, биё

——————————————————————————————

Гиряи бесадо

Абр, эй абри само

Аз чи ру меноли ту хамчун сабо

Рав ба боми дигареву ашки худ инчо марез

Ту кучо дони зи холи калби мо

Гиряхои бесадо

—————————————————————————————————

Зулоли интизор

Дар дил андухи нигор

Мебарад хар дам зи мо сабру карор

Гарчи ёри бевафо ёде зи мо нокарда рафт

Бо умеди васли дидори нигор

Мондаам чашминтизор

———————————————————————————————-

Танхои

Дар шаби танхоихо

Мезанад дил даст бар савдоихо

Мефишорад халка бар дархои махтобу нучум

Мебарад маьруза аз беёдихо

Шиква аз яктоихо

———————————————————————————————-

Ишк

Аз дасти мо

Фигона мекунад

Зи калби тори мо

Зи кучахои бенишонихо

Фирор мекунад хаме

Ба чои у кунун

Ба руи чашм

Ашк.