Дар Эрон бо ҳуруфи форсӣ ва сириллик аввалин маҷмӯаи шеъри зулол, шакл ё сохти ҷадиди шеър дар адабиёти форсӣ, нашр шуд, ки муаллифаш шоири тоҷик Аъзами Хуҷаста аст.
Мавсуф аз кормандони радиои «Садои Хуросон» аст, ки 15 сол ба ин сӯ дар Машҳади Эрон ба зиндагӣ мекунад.
Асосгузори шеъри зулол Додо Билвердӣ ё Абулфазли Додо, шоири эронӣ аст, ки аввалин зулолашро 22-юми январи соли 2010 гуфтааст. Ҳоло ҳудуди 100 нафар дар Эрон, Афғонистон ва Тоҷикистон бо ин сабк шеър мегӯянд, аммо аввалин маҷмӯаро шоири тоҷик нашр кардааст.
Дар як сӯҳбати телефонӣ аз Аъзами Хуҷаста пурсидем, ки оё ин чӣ шеър аст ва чӣ вижагиҳо дар қиёс бо назми анъанавиву шеъри сафед дорад?
-Агар ба таърихи нақлиёт нигарем, аввал, ароба буд, баъд мошину қатор ва ҳавопаймо пайдо шуданд, сабки зулол ҳам идомаи ҳамон навовариҳо дар шеъри классикии форсӣ аст. Як вижагиаш дар ин аст, ки аввал қолаби зулол пайдо шуд, баъд шеъраш. Масалан, аввал ғазал пайдо шуд ё рубоӣ, пас аз он муҳаққиқон гуфтанд, ки бо ин вазн ғазал сароида мешавад, бо фалон вазну қофия ва ҳаҷм рубоӣ.
Шеъри зулол ин тавр нест. Мисраи аввал ба як вазн аст. Мисраи дуввум ду-се, мисраи севвум севу чор ҳиҷо зиёдтар ва боз баръакс кам шуда меравад ва бо вазни мисраи аввал анҷом меёбад.
Суол: Маҷмӯаи аввалини Шумо нашр шуд. Таври маълум, эрониҳо ба шеър, ба қавле хеле сахтгир ҳастанд. Бахусус, агар гап дар бораи сабки нав равад. Оё то ба ҳол чӣ вокунишҳо шудаанд?
Хуҷаста: Рӯзи яксолагии шеъри зулол – 22-юми январи соли 2010, ростӣ, ба ин сабк як ҳамлаи густарда дар сомонаҳои интернетӣ аз сӯи бархе шоирон сурат гирифт. Вақте он матолибро хондам, хулоса кардам, ки дақиқан ҳамон сарнавишти Нимо Юшич, ки асосгузори шеъри озод ё шеъри сафед дар адабиёти форсӣ аст ва сарнавишти Сӯҳроби Сипеҳрӣ, ки як сабк, як равияи ҷадидро дар шеъри форсӣ ба вуҷуд овард, такрор шуд.
Додо Билвердӣ ба унвони муаллифи ин сабк мавриди танқидҳо, ҳатто на танқидҳо, балки маҳкумиятҳои шадид қарор гирифт. Мунаққидон мегӯянд, зулол на қолаб аст, на сабк аст. Маҳкумиятҳояшон ба ин бармегардад, ки ин шеъри нав нест, такрорист. Замоне касе бо номи Фардин дар Эрон ин гуна шеър гуфтааст. Мо таҳқиқ кардем ва ба хулосае расидем, ки як шеъри Фардин монандие ба зулол дорад, аммо қавоиди онро риоя накардааст. Аммо арзёбиҳо ҳанӯз чизи ҷадиди созандаеро ошкор накардаанд.
Аммо баъзе ҷо бардоштам ҳамин аст, ки ин маҳкумиятҳо ба муносибатҳои шахсии ҳамон нафаре, ки маҳкум мекунад ва асосгузори зулол — Додо Билвердӣ робита доранд. Ин барои ман шахсан муҳим нест. Барои ман худи сабк муҳим аст. Аммо интизорем, ки бархе виҷдонҳо бедор мешаванд ва холисона, ҷудо аз ин ки муаллифи ин сабк кӣ аст, мӯшикофӣ мекунанд.
Суол: Худи шумову шеъри зулоли шуморо маҳкум кардаанд?
Хуҷаста: Бале. Як бор маҳкум шудам, фақат ба он хотир ки шеъри зулол гуфтам, веблогамро дар яке аз сайтҳо бастанд ва вурудамро ба веблог мамнӯъ карданд. Як номаи муаддабона ҳам заданд, «ба далели он ки шумо аз фалонӣ пайравӣ мекунед, мо веблог ва имзои шуморо масдуд кардем, то иттилои сонавӣ мунтазир ва шикебо бошед.» Ҷаҳони маҷозӣ – интернет бепоён аст, ман омадам аз тариқи дигар ва боз шеър мегӯям.
Суол: Тавре мебинем, теъдоди маҷмӯаатон хеле кам аст. Сабаб мушкили молист ё ба қавле, рафтан ба иктишоф, тавре ки мегӯянд, «разведка»?
Хуҷаста: Вақте мехостам китоб чоп кунам, гуфтам, ки то рӯи кор омадани китобе ба ин сабк мунтазир шавам. Аммо дӯсти хеле наздикам, ки шоиру мунаққиди хубе ҳаст, Беҳрӯзи Забеҳуллоҳ ва низ Ҷӯра Юсуфӣ аз Хуҷанд гуфтанд, ки чаро мунтазир мемонӣ, аввалин бош. Ман ҳам омадам майдон.
Машварат кардем, ки аз тарафи рост ба форсӣ ва аз тарафи чап ба сириллик шеърҳо ҷойгир шаванд. Ҳамин тавр ҳам шуд. Хулоса кардем, ки теъдодаш ҳазор нусха бошад. Бо ношир сӯҳбат кардам. Истиқбол кард, аммо вақте қарордод мекардем, баҳси теъдод омад, гуфтам, 1000 нусха. Ношир дар ҳайрат афтода, гуфт, барои 70 миллион нафар дар Эрон, 7 миллион дар Тоҷикистон ва беш аз 20 миллион дар Афғонистон, қаламрави Шӯравию Ховари миёна ҳамин 1000 нусха? Гуфтам, чизи ҷадид аст.
Ҳоло ҳамин теъдод ҳам ба фурӯш меравад ё не. Гуфтам, ин як нашри озмоишӣ аст, ку бубинем, чӣ тур мешавад. Омадем ба майдон ва ҳоло мунтазирем, ки аҳли адаб мепазиранд ё танқид мекунанд, ки инро ҳам қабул дорем. Аммо ҳеҷ гоҳ маҳкумиятҳоро қабул надорам, боз меравам ҷилавтар, ба пеш.
Суол: Оё мешавад як шеър аз ин маҷмӯаатонро барои мо бигӯед?
Хуҷаста: Сапедаро салом,
Маҳи зи нав расидаро салом,
Умеди зиндагӣ, навиди растани башар,
Тулӯи рӯзи растахез ва субҳи навдамидаро салом,
Зи нури ояҳо ба коиноти синаҳо,
Азизи ҷону дидаро салом,
Падидаро салом!
http://www.ozodi.org/default.aspx
Оставить комментарий