ҶӯШИ ЧАШМАИ ЗУЛОЛ

Чанде қабл дар Эрон шакл ё сохти ҷадиди шеър бо номи «Шеъри зулол» бо ибтикори шоири хушзавқи эронӣ Абулфазли Додо арзи ҳастӣ кард. Ин навъи шеър дар рӯзи 2-юми баҳманмоҳи соли 1388- мутобиқ бо 22-юми январи соли 2010 мутаваллид шуд. Ин шеър дар баробари сохторҳои классикии шеър ва шеъри сафед ё озод вориди адабиёти форсӣ шуд .

Ин иттилоъро аз сомонаи интернетӣ хонда будем ва чанде пас ҳамчунон хабари хуш расид, ки Аъзами Хуҷаста шоир ва рӯзноманигори тоҷик  аввалин маҷмӯаи зулолҳои хешро пешкаши ҳаводорони шеъри ноби форсӣ-тоҷикӣ гардонид. Маҷмӯа  зери унвони «Чашмаи зулол» аз тариқи нашриёти «Оҳанги қалам» бо теъдоди 1000 нусха, дар шаҳри Машҳади Ҷумҳурии Исломии Эрон ба нашр расид ва  шеърҳои сабки зулоли Аъзами Хуҷастаро фаро мегирад. «Чашмаи зулол» дуввумин маҷмӯаи  шоир аст, ки дар Ҷумҳурии Исломии Эрон ба табъ расидааст. Шоиста ба ёдоварист, ки дар соли 2002 интишороти «Домина» маҷмӯи ашъори ӯро таҳти унвони «Соярӯшан» ба чоп расонида буд.

Аъзами Хуҷастаро метавон аз аввалин истиқболкунандагони сабки ҷадиди зулол шинохт. Миёни шоирони тоҷикистонӣ низ ӯ аз аввалин нафароне аст, ки ба ин сабки тозаи шеър таваҷҷӯҳи боровар дод.

Аксари аҳли таҳқиқ бар ин назаранд, ки шеъри нав аз шеъри суннатӣ, ки имрӯз дар адабиёти муосир чун сабкҳои маъмулии шеърӣ шинохта шудааст бо мухтассоти забонӣ, фикрӣ ва адабии хеш тафовут дорад. Сабки зулол чӣ?

Хуб, шеъри зулол ба олами адабиёти муосир аз ҷумла адабиёти тоҷик  ворид гардид, он чӣ гуна сабк аст ва чӣ қавонини ба худ хосро ироа кардааст?

Паи посухи ин суол дарёфтем, ки зулолсароён ва пайравони ин навъ шеъри зулолро бад-ин гуна вижагиҳо муаррифӣ кардаанд:

Таърифи куллии «Зулол»: Шеърест, ки бо тӯли вазни зина ба зина, ки ба таври мусовӣ аз кам шурӯъ шуда ва дар кам низ ба итмом мерасад. Ин навъи шеър дорои 5 ило 11 сатр мебошад. Аз лиҳози вазн ба тӯлонитарин сатр, ки сатри миёна ё қалби шеър мебошад, «сатри модар» ва сатрҳои атрофи онро «сатрҳои қарина» мегӯянд. Зулол дорои ду навъ (арӯз ва озод) мебошад, ки ҳар кадом барои худ усул ва таърифҳои хосса доранд.

Қонуни куллии «зулол»

1) Сатри аввал ва охир дорои ҳаддиаксар, панҷ зарбоҳанг дар вазни мусалласи арӯзӣ ва ё ҳаддиаксар шаш адади ҳиҷо дар вазни мусалласи озод бошад;

2)Теъдоди зарбоҳанг байни ду сатр (тафовути зинайи байни ду сатри ҳамҷавор бо ҳам) дар вазни мусалласи арӯз, фақат ду адад.

Ва теъдоди ҳиҷо дар вазни мусалласи озод ҳаддиаксар то шаш адад, ки бо як фосилаи мусовӣ ба таври зиндагӣ нузул ва сууд дошта бошад. (Мисол: яъне, агар теъдоди зарбоҳанги сатри севвум ҳам аз сатри дувум ду то бештар бошад, ба ҳамин тартиб ду ба ду ва зинагй сууд мекунад то сатри модар, баъд ба ҳамон андоза ба таври мутакорин ва бо фосилаи яксон коҳиш меёбад;

3) Ритми мусиқиёӣ аз ибтидо то охир ба таври равон ҳифз гардад;

4) Теъдоди сатрҳои ҳар зулол аз 5 камтар ва аз 11 бештар набошад;

5) Сатрҳо зери ҳам навишта шаванд;

6) Сатрҳои мутакорин аз лиҳози тӯлу вазни арӯз ё теъдоди ҳиҷо ва теъдоди зарбоҳанг бо ҳам мусовӣ бошанд (теъдоди зарбоҳанг байни сатрҳо дар ҳамаи зулолҳои арӯзи фақат 2 -то аст.)

Анвои зулол. Ба таври кулли Зулол ба чаҳор навъ тақсим шудааст, ки иборатанд аз:

а) Зулоли арӯзи қофиядор;

б) Зулоли арӯзи бидуни қофия;

в) Зулоли озод;

г) Зулоли пайваста.

Дар ҳар чаҳор навъи фавқ қонуни куллии зулол муроот мешавад, лекин бо ин тафовут, ки -дар зулоли арӯзи қофиядор вазн бо оҳанги мусиқиёии равони арӯзӣ пеш меравад ва аз қофия ба тавре ҳисоб шуда истифода мешавад. Бад-ин тартиб, ки ду сатри аввал ва ду сатри охир дорои қофия ва бақияи сатрҳо як дар миён дорои қофия мебошанд. Дар зулоли арӯзӣ бидуни қофия вазн бо оҳанги мусиқиёии равони арӯзи пеш меравад, аммо шоир муқайад ба кофия нест, метавонад аслан истифода накунад ва ё дар ду- се сатр ба унвони орояи адабӣ ҷиҳати зебоӣ ба кор бубарад.

-дар зулоли озод аз оҳанги равони арӯзӣ барои сатрҳо истифода намешавад ва мусалламан радиф ва қофияе ҳам даркор нест.

-дар зулоли пайваста ду ё чанд зулол пушти сари ҳам дар як мазмун навишта мешаванд. Ба иборате, агар дар як мавзӯъ ду ё чанд зулоли дар як навъ таърифшударо зери ҳам қарор диҳем, онро зулоли пайваста мегӯянд. Дар ин ҳам тамоми сатрҳои қарина ва сатрҳои модар бо чуфтҳои ҳамтирозашон дар як вазн ва оҳанг ва ё дар як андозаи ҳиҷоӣ мебошанд ва ин худ се навъ мебошад:

а) зулоли пайвастаи арӯзи қофиядор;

б)зулоли пайвастаи арӯзи бидуни қофия;

в) зулоли пайвастаи озод.

Ин аст муҳимтарин вижагиҳое, ки  дар эҷоди зулол бояд риоя шавад.

Аслан чунонки шоири тоҷик Доро Наҷот таъкид мекунад «… шеър тафаккур аст, ки дар сатҳи баланди завқу дониш қарор дорад».  Ҳузури ана ҳамин завқи баланду дониш ва тафаккури uайримунтазира дар сабки зулол ба мушоҳида мерасад?

Имрӯз шоири тоҷик Аъзами Хуҷаста  аз аввалинҳост, ки ба ин сабк эътимод ва эътиқод намуд.  Мо устодро роҷеъ ба сабки зулол пурсон шудем, ки посухҳои эшон андешаҳои  моро то андозае рӯшан хоҳад кард ва онҳо ингунаанд:

ӣ омиле боис шуда ки Шумо билофосила бар ин сабки ҷадиди шеър, яъне, зулол таваҷҷӯҳ  кардед  ва  ба эҷоди он шурӯъ намудед?

Аз рӯзи аввали ошнойӣ бо зулол, ин қолаб таваҷҷӯҳи маро ба худ ҷалб кард, ба дилам нишаст. Ҳамчун ҳар чизи нав бар ҳисси кунҷковиам афзуд ва шурӯъ кардам ба мутолиаи қонуну қоидаҳои он. Намуди зоҳирии зулол то ҳадди зиёде ба қатраи об ва қалб монанд аст. Ин дар навъи худ як падида буд барои ман. Рӯзи 24 январи соли 2010 аввалин зулоламро бо номи «Зулоли андеша» навиштам.:

Дар сарам андешаҳо

Ҳамнавойи бо хати ҳампешаҳо

Маслаки моро зи мо дуздида он бемаслакон

Оташе андохта дар бешаҳо

Ман ба фикри решаҳо

Ва ҳамин тавр шурӯъ шуд зулолнависии ман. То он ҷо пеш рафтам, ки рӯзе ба фикри чопи китоб афтодам. Ҳамкорам Беҳрӯзи Забеҳулло, аз шоирон ва пажӯҳишгарони муваффақи тоҷик, мушаввиқи аслиам дар ин кор буд. Дӯстам Ҷӯра Юсуфӣ маслиҳат дод, ки китоб ҳатман бо ду хат бошад. «Чашмаи зулол»- аввалин китоб  дар қолаби зулол, 20 январи соли 2011 дар солрӯзи муаррифии зулол ба чоп расид. Аз ҳамаи онҳое ки дар чопи ин китоб ёрӣ  карданд, сипосгузорам. Албатта, ин китоб бештар хислати роҳнамоӣ дорад, барои ҳамаи онҳое, ки ба шеъру шоирӣ алоқаманд ҳастанд ва ман аз ин тариқ хостам, як китоби роҳнамо барои дӯстдорони қолаби зулол ба чоп расонам. Албатта, маълумоте, ки дар бораи зулол дар ин китоб омадааст, хеле мухтасар аст ва хоҳишмандон бояд аз интернет кӯмаки бештар гиранд.

— Ба андешаи Шумо, оё сабки зулол низ метавонад ба мисли шеъри нимоӣ, болотар  аз ҳама андешаҳо гардад ва чун сабки шеърӣ шинохта шавад?

Дар бораи зулол бояд бигӯям, ки ман агар ба ояндаи ин қолаб эътимод намедоштам, ҳаргиз ба суроuи чопи китоб намерафтам. Албатта, имрӯз зулол мисли ҳар чизи нав мувофиқон ва мухолифони худро дорад. Мувофиқон бо далелҳо зулолро ба унвони падидаи нав дар олами шеъру адаб муаррифӣ  мекунанд, аммо он чи ки то имрӯз мухолифон аз худ нишон додаанд, маҳкумиятҳои эҳсосотӣ ва пешдовариҳоест, ки бисёртар аз робитаҳои шахсӣ сарчашма мегиранд. Барои ман бисёр боиси таассуф буд, ки иддае аз шоирон бидуни овардани далел ва бурҳон, зулолро маҳкум карданд ва ин рафторашон хеле диктаторона буд. Ин дақиқан такрори ҳамон сарнавиштест, ки барои сабки нимоӣ шакл гирифта буд. Зулол ҳам сарфи назар аз он ки имрӯз фалонӣ мехоҳад ё намехоҳад, рушд хоҳад кард. Дуруст аст ки дар ин қолаб шеър гуфтан чандон осон нест ва ҳанӯз шеърҳои овозадоре дар ин қолаб гуфта нашудаанд, аммо «мушкиле нест, ки осон нашавад».

— Аз шоирони тоҷик  Шумо аз аввалин гӯяндаҳои зулол ҳастед ва аввалин маҷмуа низ дар ин сабк аз ҷониби Шумо дастраси ҳаводорон гардид, муаррифии зулол дар ин ҷо ба василаи Шумо сурат гирифт. Оё гуфта метавонед, ки зулоли  Тоҷикистон соҳибмактаб мешавад?

То он ҷое ки ман медонам, имрӯз 9 нафар аз шоирони тоҷик, ки бештар аз ҷавонон мебошанд, дар ин қолаб ба истилоҳ «зурозмойӣ» мекунанд ва ҳамин худ фоли неки фардои зулол дар Точикистон аст. Бардошт ва интизори ман ин аст, ки зулол табдил ба як сабки созанда ва офаринанда хоҳад шуд ва дар ин замина ситораҳои дурахшоне дар самои шеъри тоҷик зуҳур хоҳанд кард.

Шоири тоҷик Аъзами Хуҷаста ба ояндаи зулол эътимод дорад ва бар он бовар аст, ки рӯзе ин сабк метавонад  дар пешбурди адабиёт саҳм гирад.

Барои тасдиқи ин андешаҳо варақгардон мекунем китоби «Чашмаи зулол»-ро  ва қазоват мекунем …

***

Воқеан, шеъри  шоир дар варақҳои сабзи хаёлаш эҷод мешаванд, саодатманд ҳамон шоиреаст, ки гуфтааш дар зиёдамаврид бесобиқаанд.  Гузашта аз ин, ҳузури андешаҳои  ирфонӣ, фалсафӣ, ошиқӣ  ва иҷтимоӣ дар шеър  қимати онро боло мебаранд.

Кӯшишҳои Аъзами Хуҷаста низ шоири саодатманд будан аст, ба бовар метавон гуфт, ки  имрӯз ба ӯ ин саодат даст додааст:

Қанд мехоҳам

Лабат ку? Қанд мехоҳам

Uаминам, нозанин, лабханд мехохам

Забонатро макун чун барги истеҳзо арӯсаквор

Ки ман баҳри тамос бо қалби ту симкартаи ҳушманд мехоҳам

Мазан қайчӣ ба гесӯят, ки гар ҷабри ту боло шуд

Барои куштани худ банд мехохам

Ва бо пайванд мехохам

***

Ту нагӯ, ки дур шудӣ аз ман
На!
Ҳамон гуна ки дар худат истодайӣ
Ту низ дар манӣ
Ва ман туро
Чу соя…
На!
Чу ҷон ҳамеша дар вуҷуди ташнаам
Дар ин сароби зиндагӣ
Нигоҳ доштаам
Ки дар кавири ноумедиҳо
Умеди рустани дубораам шавӣ
Ва атри хандаҳои ту
Тараннуми баҳор дар вуҷуди ман
Дар ин хазони зиндагӣ шавад

Чунин андешаҳои мудерну тасвирҳои хеле аҷибу дар хотирҳо монданӣ аз ҳунар ва диди шоирии Аъзами Хуҷаста далолат мекунад. Аммо ин ҷо мехоҳем ба  нигоҳ ва тасвирҳои шоиронаи шоир дар сабки ҷадид Зулол таваҷҷӯҳ кунем. Метавон гуфт, ки дар эҷод шоир  ба истиқлоли эчодӣ расидааст ва андешаҳои бикраш  дар сабки нави шеърӣ- зулол  ҳулул кардааст.
Аксари навиштаҳои зулоли  шоир соддаву самимиянд ва дар баробари ин ҳама соддагӣ дар жарф-жрафи ҳар вожа маъниҳои бикру олӣ нуҳуфта, ки бо тасвир ва тахайюли uайриинтизор таваҷҷӯҳи хонандаро ба худ мекашанд:

Биҳишт

Урду зада

Бо лола дар ёла

Лаби чу сабза рақсон аст

Насиму атр мепечад бо ҳам

Ба саҳро абр мегиряд

Ва ман бе ту бо ёди ту

Урду задам

Бе ту

Воқеан, тасвирҳо самимиянд ва бо сабки тоза омезиши зебо ёфтаанд:

Бояд фаромӯшат кунам

Фарёдро чун ҳалқа дар гӯшат кунам

Ёди туро берун кунам аз тори пуди хотирам

Дар олами матрукае чун муртаде бо uам ҳамоuушат кунам

Берун шавам аз банди Ту в-аз нав бисозам хешро, то дар ҷаҳони бешу кам

На, на! Мабодо инчунин, Ман бе ту ҳеҷам, ҳеҷ, ҳеҷ

Мастона о, бо бӯса гулпӯшат кунам

Чун ҷоми май нӯшат кунам

Дар ин зулол низ диди шоир вусъат ёфта, фалсафаи инкори инкорро тобиши зебои тасвир бахшида, ба василаи ин  мӯҳтавои кулл «Ман бе ту ҳеҷам, ҳеҷ, ҳеҷ» қувват бахшидааст. Санъати такрор низ ҳамин вазифаро ба дӯш гирифтааст «ҳечам, ҳеҷ, ҳеҷ».  Ба андешаи мо, дар оuоз гуфтани «Бояд фаромӯшат кунам» ва то чанд мисраи дигар тасдиқи тасмими ин гуфтаҳо  аҳдофи шоирро  аз маънии воқеии зулол, ки дар мисраи «На, на! Мабодо инчунин, Ман бе ту ҳечам, ҳеҷ, ҳеҷ» ҷамъ омадааст, рӯшану пуртаъсир мекунад.

Мутаваҷҷеҳ мешавем:

Гиряҳо ханда шуданд

Ашкҳо ахтари рахшанда шуданд

Чини пешони уту шуд зи насими нигаҳат

Ҳарчӣ ожанг ба рухсори ҷабин буд, ҳама ранда шуданд

Оре, оре, зи қадамҳои Ту дар олами ишқ

Орзуҳои дилам зинда шуданд

Маҳи тобанда шуданд

Дар зулоли мазкур андешаи маъмул бо диди мудернӣ омезиш ёфта, шоир тасвирҳои нобро эҷод мекунад.  Воқеан, дар адабиёти классикиву муосир тасвири «гиряҳо ханда шуданд» зиёд  ба чашм мехӯрад, аммо Аъзами Хуҷаста дар коргоҳи хаёли хеш ин тасвирро ҷилои мудернӣ бахшида,  идоматан мегӯяд: «Чини пешонӣ уту шуд зи насими нигаҳат//Ҳарчӣ ожанг ба рухсори ҷабин буд, ҳама ранда шуданд» ва ингуна тахайюл ва офариниши тасвир башорат аз диди нави шоир аст. Ду мисраи мазкурро мисраи калидии тасвир дар зулоли мазкур шинохтан лозим аст. Меҳвари тасвири зулол -андешаи тоза дар мисраъҳои «Чини пешони уту шуд зи насими нигаҳат//Ҳарчӣ ожанг ба рухсори ҷабин буд, ҳама ранда шуданд» гунҷоиш ёфтааст.

Ҷои дигар шоир мегӯяд:

Чора

Чу дидамат, нигоҳ

Ба ман намекунй, зи сина оҳ

Кашидаму зи сарнавишти шуму зишти худ

Ки бар муроди мо нашуд, паноҳ

Биҷустам аз Илоҳ

Мебинем андешаҳои воқеан шоирона  дар қолаби зулол гунҷоиши зебо ва тобиши дилрабо пайдо кардаанд. Пас сабки зулол метавонад бори шеъри муосирро бардорад.

Як далели дигар . Маълум аст, ки дар рушди ҷанбаи ҳунарии шеър эҷоди иборот ва таркибҳои тоза мавқеи хосса дорад. Фикр мекунем дар сабки  зулол низ бояд ана ҳамин нукта омили муҳими таъмини бадеияти шеър бошад. Дар зулолҳои шоири тоҷик ҳамингуна тарокиб бо касрати истифода имтиёз пайдо кардаанд: «қолабу қобу қилу қол», «табассум беибо гул карда дар боuи лабон», «дар зулфи шумо пои дилам овехт», «Муҳаббати пиёдаам зи сояҳои ҳисори ту гузашт», «рӯи барги нарми Марям», «кавири интизори  пурсароби бе уфуқ», «дарахти бенавои пайкарам  ҷавонаҳо зада ба шоху барги сабз», «пару боли хоби манро кас надид», «чини пешони уту шуд аз насими нигаҳат» ва uайра Ин тарокиб аз  диди мудернӣ ва тахайюли uайримунтазираи шоир ва аз вусъати имконоти сабки ҷадид гувоҳӣ медиҳанд.

Албатта, мо ин ҷо танҳо ба тасвир, тахайюл ва диди шоирона дар сабки зулол таваҷҷӯҳ кардем ва вижагиҳои қолабии он мавриди омӯзиши аҳли таҳқиқанд, аммо  фикр мекунем ба ҳар ҳол сабки зулол ба адабиёти муосир ворид шуд ва чӣ гуна қабул шудани ин сабк аз ҷониби ҳаводорон, пеш аз ҳама, ба маҳорати ҳунарии шоирони мо иртиботи ногусастанӣ дорад.

Сурайё ҲАКИМОВА,

номзади илмҳои филологӣ

Оставить комментарий