Зулолсароёни ирони,точик ва афгони

Шеъри Зулол яке аз сабкхои комилан тоза дар адабиёти порси аст,ки муассис ва бунёдгузори он шоир ва мунаккиди машхури Иронзамин устод Додо Билвурди аст. Ин сабк баъд аз муддати як сол дар адабиёти порси ба расмият шинохта шуд ва то кунун теъдоде аз шоирони порсигуи ирони ва точики дар чоддаи пурхаму печи ин сабк гомхое ниходаанд,ки барои шинохти харчи бештари шеъри Зулол ва шоирони зулолсаро пешниход мекунам аз линкхои зер истифода намоянд. “Сабки зулол” устод Додо Билвурди, “Конуни кулии сабки зулол” устод Додо Билвурди, “Зулолхои Додо Билвурди”,  Зулолхо, шоирони зулолсарои ирони ва точики”, “Зулолхо ва болхо”-и Фирдавси Аъзам шоири точик, “Зулолхои точики” устод Аъзам Хучаста шоири точик.

Ва аммо, аз он чое ки дар Интернет ва нашрияхои мухталифи адаби ва фарханги мурочиа кардам, дидам то хануз хеч шоири афгони ба ин сабк шеъре насурудааст. Бинобар он ин часоратро ба худ раво доштам то аввалин шеьри зулоли порсии дари бар дунёи адабиёт дар чамъи зулолхои порси хузур ба хам расонад ки ин муваффакиятро барои тамоми шоирон ва фархангиёни порсигу ба вижа шуаро ва адабомухтагони кишварам табрик мегуям.
Ин хам шумо ва шеъре ба сабки зулоли арузи кофиядор ки якинан камбудихо ва костихои худашро дорад, аммо умедворам аз накдхо ва назархои арзишмандатон бахрамандам созед. Иродатманди хамаи шумо азизон, Мустаффо.

Замона
Замона аст ачиб
Бубин ачибахош ёри начиб
Якест шоху якест ба мехнат олуда
Касе расида ба авчи фарах, касест зиштнасиб
Ва шоире,ки дар ин чо гариб месузад
Зи дасти ин хама тарафанду фариб
Зи дил кашид нахиб

Оставить комментарий