Сабки Хуҷаста

Паёме ба азизонам дар маҳфили адабии «Зарафшон»

Azam Khujaste
Azam Khujaste

«Чашмаи зулол» дар фазои фарҳангии ҷавомеъи форсизабон як падидаи матлуб ва барозанда аст.Муаллифи он Аъзами Хуҷаста ,шоир ва нависандаи зубдатабъ ва борикхаёл ва фарзанди баруманди тоҷикзамин ба унвони бунёдгузори сабки наве шинохта шуд ва ин ҷои тафохур дорад,ки гуна ва шеваи нав дар адабиёти ҳазорсолаи форсӣ бо дасти ин меъмор бунёд ниҳода шуд,зеро шумори шоироне,ки дар адабиёти форсӣ соҳиби сабк будаанд,аз теъдоди ангуштони ду даст таҷовуз намекунад ва намунаи рӯшани он Устод Рӯдакӣ,Соиб,Нимо,Сӯҳроби Сипеҳрӣ…мебошанд,ки тариқи навро барои баёни андешаву эҳсосоти башар боз намуданд.Дарвоқеъ,тарҳи ҳар чизи нав -хоҳ дар адабиёт,хоҳ дар илм,хоҳ дар санъату ҳунар,варзиш,….ҷуръату ҷасорат ва ҳиммату дироят ва тааммулу таҳаммулро мехоҳад.Чаро?Зеро агар ин падидаи нав агар гурӯҳеро хуш ояд ва аз он истиқбол кунанд, дар муқобил сангандозоне ҳастанд,ки ҳар лаҳза метавонанд ба сӯяшон санг партоб кунанд ва бояд мубтакир омодаи ин зарбаю ҳамaлот бошад,ки намунаи боризи онро дар рӯзгори Сӯҳроби Сипеҳрӣ,яке аз барҷастатарин гӯяндагони бономи Эрон мебинем,ки дар омезиши шеъри ҳиндӣ бо қолиби нав шеъри ҷадид сохт.Сӯҳроб бо нашри нахустин таҷрибаҳои худ мавриди сарзанишу накуҳиш ва интиқоди шадиди мунаққидон ва саррофони гавҳарношинос қарор гирифт ва ӯ,ки рӯҳи отифӣ дошт,сукуту хомуширо дар баробари онон тарҷеҳ дод,сабр пеша кард,то инки шеъраш ҷо уфтод ва тибқи як назарсанҷии Донишгоҳи Теҳрон ин сарояндаи номовар имрӯз дар маҳофили адабии форсигӯён бештарин пайравонро дорад ва ҳамарӯза бар теъдоди алоқамандони шеъраш афзуда мешавад.Ин написандидани навандешиву навгароӣ падидаи наву тоза нест ва Рустами Фирдавсӣ ,ки зуҳури ҷараёни нав -Сӯҳробро наметавонад таҳаммул кунад, билохира бо теғи кўҳан хунашро мерезад ва ин aмр дар шеър низ мисдоқ дорад,ки собит шуда шеър ва гӯяндаи он монанди нофа,ки то оҳу намирад накҳати мушкосои он ба берун намеҷӯшад ,буда ва мисоли ин Иқболи Лoҳурӣ аст,ки дар ҳангоми зинда буданаш касе шеърашро эътироф намекарда ва дар маҳофили адабӣ ба унвони шоир эътироф намегардид ва ҷое ҳам худи Иқбол бо ҳасрат аз ин қазия ёд мекунад:

Эй хушо шоир,ки баъд аз марг зод,

Чашми худ барбасту чашми кас кушод.

Бигзарем,падид омадани сабки зулол бар пайкари шеъри форсӣ ҳеҷ зарба ва латмаеро ворид нахоҳад кард,балки ин сабк зойида аз мойидаи қойидаи шеъри равону сойидаи форсист ва дарвоқеъ шоху баргҳои дарахти азими он аст ва дар бистари он руйиш,болиш,нозиш,хезиш ва густариш дошта ва хоҳад дошт.Ин қонуни адабиёт ва ҳар илму санъати дигар аст,ки навгӯиву навҷӯӣ меҳвар ва ҳадафу рисолати фарзандони хушноми ин марзу бум буда,ки ҳамагӣ бар ин амр иттифоқи назар доранд:Сухан нав ор,ки навро ҳаловатест дигар!

Аъзами Хуҷаста бо кашфи ин шеваи нав нишон дод,ки аз тамомии ҳамнаслону ҳамзамонону ҳамангоронаш ба маротиб пештару пешгомтар аст ва ашъори ӯ бо сурудаҳои қабл аз омаданаш ба Эрон аслан қобили қиёс нест.Шеъри ӯ муждаи рӯшаниву огоҳӣ медиҳад ва аз рушду тараққии андешаву тахайюли бориктар аз нахи сапедаи гӯянда дарак медиҳад,ки он бо мутолиаи амиқу дақиқи адабиёти форсӣ ва осори гаронмоягони ҷаҳон ва аз чашмасорони сорию ҷории онон маншаъ мегирад.

Зулол суханбозию бозӣ бо калимот нест,балки шоир бештару пештар муқайяд ва пойбанд бар муқаррароту мувозиноти шеър,алфоз, орояҳо ва саноеъи лафзӣ ва пайванди танготанги лафзу маънист,ки мисли гушту нохун дарҳам танидаанд ва сароянда дар ин миён бо таваҷҷуҳ ба ин муҳим масъулияту рисолати фаротар дорад.Бубинед,як мисоли кучак:баррасиҳо нишон дода,ки сурудани шеъри суннатӣ осонтар ва саҳлтар аз шеъри зулол аст ва зулолсаро ба роҳатӣ шеъри суннатӣ мегўяд, вале касоне,ки шеъри суннатӣ месароянд, шояд ба сахтӣ зулол гўянд.Яъне дар маҷмуъ зулолсаро бояд сурату сирати шеърро дар ниҳояти камол орояд,вагарна беҳтар аст ба ин кор даст назанад.

Ба ҳар сурат,сабки зулолро ҳарчанд Додо Билвердӣ поя гузошт,аммо Аъзами Хуҷаста аввалин китобро дар ин замина ба чоп расонд.

Бегумон ,агар ин падида дар ҳар кишвари дигари аврупоӣ ва ғарбӣ ба вуқуъ мепайваст, барояш бузургдошту ҷоизаҳоеро эҳдо мекарданд ва ин мавзўъ нуқли маҳфил ва мубтакири он шамъи маҷлисҳо қарор мегирифт,вале моро одат ин аст,ки ҳар чизи навро бо мушкилӣ ва эҷоди монеъа қабул мекунем,аммо шоири мо аз ин шуҳрату матраҳ шуданҳо орист ва табиати мағзҳои мутафаккир ҳамин аст:ибтикору халлоққият ба харҷ медиҳанд ва дигар корро дунбол намекунанд,яъне инҳо рисолати худро дар арсаи адаб ба ҷо оварданд.Аъзами Хуҷаста бо ин иқдом дарвоқеъ муҷассамаи худро гузошт.Чашмаи зулоли ў дере нагузарад,ки ба дарё табдил шавад ва ҳарчанд пеши ин дарё сангу харсангу хасу хошок андозанд ,аммо хислати дарё ин аст,ки дар вуҷудаш ҳазор тўфону туғён ба по мекунад,мавҷе сари мавҷи дигарро мехўрад,роҳашро ҳамвор мекунад ва равон асту соҳилнишинонро ба тапиш вомедорад ва равон аст ҷовидона,ҷовидона.

Шоҳмансури Шоҳмирзо,

шаҳри Теҳрон.

9 июни соли 2011

Оставить комментарий